Октябр 16, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони шашумин Иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Мидитаронаи шарқӣ

Хориҷ шудан аз тавофуқи байналмиллалии БАРҶОМ нанг барои Амрико аст, таҳрими маводи ғизоӣ ва доруии мардуми Эрон аммо нанге бузургтар барои давлати Амрико аст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар шасту шашумин Иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Мидитаронаи шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Амрико муртакиби ҷинояти зидди башарӣ шуда ва иқдомаш терроризми иқтисодӣ аст афзуд, 83 миллион эронӣ ҷинояти Амрикоро фаромуш нахоҳад кард.

Иқдомоти таҳримии якҷонибаи Амрико илова бар табаоти манфӣ дар ҳуқуқи тиҷорати ҷаҳонӣ, асароти сангин ва баъзан ҷуброннопазирӣ низ дар ҳавзаи саломат дорад. Зеро ҳуқуқе ҳамчун ҳифзи саломат, баҳрамандӣ аз хадамоти дармон ва дору ва технологиҳои лозим барои иртиқои саломат ва беҳдошти ҷамеаро нақз мекунад.

Муҳсени Абдуллоҳӣ устоди донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ мегуяд, бо изҳороти сареҳи амрикоиҳо ва бар асоси ҳуқуқи байналмиллал, таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон, мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият аст, ки ба мафҳуми терроризми иқтисодӣ наздиктар аст.

Аз ин дидгоҳ;  мавзӯоте, ки дар шасту шашумин Иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Мидитаронаи шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Теҳрон мавриди таъкид қарор гирифт ду пайёми муҳим ба ҳамроҳ дорад:

Пайёми нахусти ин иҷлос баёни моҳияти воқеии таҳримҳои Амрико аст. Суханони раиси ҷумҳур дар оғози кори ин иҷлос аз ин зовия пайёме ҷаҳонӣ дорад. Аммо пайёми дигари иҷлоси Теҳрон, эътироф ба дастовардҳо ва пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои дармонӣ ва саломати умумии ҷомеа аст.

Дар шароите, ки Амрико бо ташдиди таҳримҳои ба истилоҳ фалаҷкунанда, инзиво ва дармондагии Эронро мутасаввир буд, Тедрос Аҳаном Дабири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълом кард Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи беҳдоштӣ дар минтақаи Мидитаронаи шарқӣ пешгом аст.

Аҳаном тасреҳ кард, Эрон бо иртиқои хадамоти беҳдоштӣ, маргу мири кудакон, занон ва бемориҳои гузарандаро контрол кардааст.

Албатта Эрон дар ин замина бо вуҷуди таҳримҳо кумак ба ҳамсоягони худро низ фаромуш накардааст. Раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон дар сахтиҳо дар канори мардуми мазлуми Фаластин, Ироқ, Сурия ва Яман будааст гуфт, миллати Эрон ин корро муҷиби ифтихори худ медонад.

Теҳрон акнун ба конуни ҳамандешӣ ва ҳамкорӣ дар бораи муҳимтарин масоили марбут ба саломат ва беҳдошт дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил шудааст. Дар ҳамин росто Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар нишасти Теҳрон бо ишора ба барномаи Гепатити ҷаҳонӣ гуфт, ин як барномаи ҷаҳонӣ барои контрол, пешгирӣ ва коҳиши маргу мири ношӣ аз гепатит аст, ки бояд барои иҷрои он дар кишварҳои минтақа ба хусус Афғонистон талош кард.

Саиди Намакӣ вазири беҳдошти Эрон дар ҳамин хусус бо баёни ин ки Эрон омодаи интиқоли таҷрубаҳои муваффақи худ дар ҳавзаи беҳдошт ва дармон ба дигар кишварҳост афзуд, бетардид танҳо роҳи контроли бемориҳои  гузаранда ва коҳиши осиб ба саломати мардум, интиқоли таҷрибаҳо ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа ва ҳимояти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аст.

Пайгирии ин ҳадафҳо ва барномаҳо аҳамияте ҷаҳонӣ дорад ва Эрон дар ин заминаҳо ҳамвора пешгом будааст. Дар ҳамин росто рӯзи сешанбе тафоҳумномае байни ҷумҳурии исломӣ ва Дафтари мубориза бо маводи мухадири Созмони Миллал дар Вена имзо шуд.

Бар асоси ин ёддошт тафоҳуми Маркази миллии мутолиоти эътиёди Эрон ба унвони Маркази минтақаии пажуҳиш ва зарфиятсозӣ барои кумак ба дармони ноҳанҷориҳои бархоста аз эътиёд дар минтақа мушорикат мекунад. Ҳамкорӣ ва таомул дар ҷиҳати коҳиши осибҳо ва рафъи чолишҳо дар ҳавзаи беҳдошт ва дармон, ки дар иҷлоси Теҳрон мавриди таъкид қарор гирифт аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки ҳар як аз кишварҳо дар ин замина масъулиятҳое доранд; аммо ба ҳар  далел, ки натавонанд ба ин масъулиятҳо амал кунанд авоқиби он барои дигар кишварҳо низ сангин хоҳад буд ва осоре зиёнбор дар сатҳи минтақа ба дунбол хоҳад дошт.