Муҳаммадбоқир Қолибоф: Террор як вижагии ҷудонопазири режими саҳюнистӣ аст
Порстудей - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон терроризмро як сифати ҷудонашавандаи режими саҳюнистӣ хонд.
Муҳаммадбоқири Қолибоф дар суханронии худ дар маҷлис ба муносибати 40-умин рӯзи шаҳодати ҳамватанонаш, генералҳои шуҷоъ ва донишмандони ин кишвар дар таҷовузи режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги таҳмилии 12-рӯза изҳори таслият кард ва афзуд: "Бо ин амали ҷиноӣ, саҳюнизм бори дигар исбот кард, ки терроризм ва ҷиноии саҳюнистӣ сифати доимии он аст; барояшон ҳарбию гражданй, пиру кудак ва зану мард фарк намекунад».
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ишора ба ваҳдати бемисли миллати Эрон дар 40 рӯзи гузашта, ки сахттарин тарсакӣ бар рӯи душмани саҳюнистӣ заданд, таъкид кард: Ҳоло душман мехоҳад аз мардуми нерӯманд ва мазлуми Эрон бо ҷанги иқтисодӣ ва амалиёти равонӣ беш аз пеш интиқом бигирад.