Октябр 17, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Намоиши фарҳанги Ошуро бо ҳунармандии бушеҳриҳо дар Лаҳистон

Гуруҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳумеҳр аз вилояти Бушеҳр ба муносибати айёми Арбаини Ҳусайнӣ ба муддати як ҳафта дар Лаҳистон (Полша) ба намоиши фарҳанги Ошуро ва иҷрои барномаҳои азодории суннатии бушеҳриҳо мепардозад.

Гуруҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳумеҳр бомдоди ҷумъа 18 октябр, Теҳронро ба мақсади Варшава пойтахти Лаҳистон тарк хоҳад кард, то аз рӯзи Арбаин баробар бо 19 октябр дар ин кишвар барномаҳои худ шомили намоиш, марсияхонӣ ва синазании суннатии бушеҳриро иҷро кунад.

Ба нақл аз ИКНО, Меҳдии Ҷалолӣ мудири гуруҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳумеҳр бо эъломи ин хабар гуфт, бар асоси барномарезии Сафорати Эрон дар Лаҳистон гуруҳи мо таи як ҳафта ҳузур дар Лаҳистон дар донишгоҳи Варшава шаҳрдории Люблин, Музеи Осиё ва Пасифики Варшава маркази фарҳангии Прага дар Варшава ва сумиаи Доминикен-и шаҳри Люблин барномаҳои намоиш, азодории суннатии Бушеҳр, навҳахонӣ, марсияхонӣ ва синазаниро иҷро хоҳад кард.

Вай афзуд, вижабарномаҳои тадорук дида шуда бо унвони "Таҷалии ҳақиқат" ва бо мавзӯи "Наҳзати Ошуро" таҳия шуда, ки ҳосили кори ҷамъии аъзои гуруҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳумеҳр  аст.

Мудири гуруҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳумеҳр  ба ҳадафҳо ва барномаҳои ин гуруҳ дар Лаҳистон ишора ва тасреҳ кард, хушҳолем, ки дар ин сафар фурсате фароҳам мешавад то битавонем бо забони фарҳанг ва ҳунари Бушеҳр гушае аз Наҳзати Ошуроро ба тасвир бикашем.