Октябр 17, 2019 11:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар зарурати ҳифзи тамомияти арзии Сурия

Намояндагони Эрон ва Русия бо таъкид бар зарурати ҳифзи ваҳдат, тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Сурия хостори таваққуфи фаврии амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Алекасндер Лаврентиев намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Сурия ва Сергей Вершинин муовини вазири умури хориҷаи Русия дар умури Ховари Миёна асри чаҳоршанбе дар Теҳрон бо Алиасғари Хоҷӣ дастёри баландпояи вазири умури хориҷа дар умури вижаи сиёсӣ ва музокиракунандаи баландпояи Эрон дар умури Сурия ва Яман дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ду тараф дар ин дидор таҳавулоти Сурия аз ҷумла охирин вазъияти шимоли ин кишвар ва иқдоми низомии Туркия дар ин минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Лаврентиев ва Вершинин ва Хоҷӣ дар ин дидор бо таъкид бар зарурати ҳифзи ваҳдат ва тамомияти арзӣ ва истиқлол ва ҳокимияти миллии Сурия хостори таваққуфи фаврии иқдомоти низомии ахири Туркия дар шимоли Сурия ва ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи сиёсӣ ва депломатик шуданд.

Ҳамчунин дар ин дидор ду тараф бо мурури таҳаввулоти марбут ба раванди Остона ва мавзӯи ташкили Кумитаи қонуни асосӣ ва оғоз ба кори он дар ояндаи наздик бар зарурати тарсими ояндаи Сурия тавассути мардуми ин кишвар бидуни ҳаргуна мудохилаи хориҷӣ таъкид карданд.

Барчасп