Октябр 17, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Узвияти доими Эрон дар Шӯрои роҳи оҳани ИДМ

Узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони нозир дар 71-умин нишасти Шӯрои роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо назари мувофиқи тамоми аъзо ба доим табдил шуд.

Ба гузориши ИРНА,  71-умин нишасти Шӯрои роҳи оҳани ИДМ дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи гузашта баргузор шуд.

Ҳайати эронӣ ба сарпарастии Саиди Расулӣ, муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ ва мудиромили Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат дошт.

Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2013 узви нозири Шӯрои роҳи оҳани ИДМ аст.

Кишварҳои Эрон, Русия, Узбакистон, Украина, Финляндия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Латвия, Эстония, Литва, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Тоҷикистон ва Гурҷистон ва Иттиҳодияи ширкатҳои рейлӣ, 16 узви Шӯрои роҳи оҳани ИДМ ҳастанд.

Дар Шӯрои роҳи оҳани ИДМ мавзӯоте аз қабили ҳамоҳангии фаъолиятҳои роҳи оҳани кишварҳои узв, ҳамлу нақли байналмилалии мусофир ва коло, истифодаи муштарак аз вагонҳои ҳамли бор ва континерҳо ва тавофуқоти мутақобили хадамоти ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор мегирад.