Октябр 17, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Фаронса: Амрико барои коҳиши таниш, таҳримҳои Эронро лағв кунад

Вазири хориҷаи Фаронса дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои ироқии худ таъкид кард, ки коҳиши таниш байни Вашингтон ва Теҳрон, Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ боз хоҳад гардонд.

Жан-Ив Лодриан, вазири хориҷаи Фаронса дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммадалӣ ал Ҳаким, вазири хориҷаи Ироқ дар Бағдод, гуфт, ӯ ҳомили паёми ҳамбстагии Эмануэл Макрон, раисиҷумҳур бо Ироқ аст, чаро, ки Ироқ шарики муҳимме барои Париж ба шумор меравад.

Вай афзуд, ки Фаронса хостори нишасти фаврии эътилофи байналмилалӣ барои баррасии дахолати Туркия дар шимоли шарқи Сурия аст.

Вай таъкид кард, ки эътилофи байналмилалӣ қасд дорад, монеъ аз зуҳури муҷаддади ДИИШ шавад.

Вазири хориҷаи Фаронса гуфт, ки бо ҳамтои ироқияш дар бораи Эрон ва таниш дар Халиҷи Форс гуфтугӯ кардааст.

Вай афзуд умедвор аст, ки роҳҳое барои коҳиши шиддати таниш дар Халиҷи Форс пайдо шавад.

Лодриан таъкид кард, ки коҳиши таниш байни Вашингтон ва Теҳрон, Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ боз мегардонад ва зарурат дорад, ки Вашингтон аз таҳримҳо сарфиназар кунад ва аз Амрико интизор меравад барои коҳиши таниш, таҳримҳои Эронро бардорад.