Октябр 21, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Сардор Раббонӣ: Амрико бо тиҷорисозии амният ба дунболи фашизми ҷаҳонӣ аст

Муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, Ғарб, бавижа Амрико талош дорад бо сиёсати тиҷорисозии амният, шакли ҷадиде аз фашизми ҷаҳониро ба намоиш гузорад ва нақши ояндаи худро дар низоми байналмилал тасбит кунад.

Сардори сартип Маҳдии Раббонӣ, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар нуҳумин иҷлоси амниятии Чин бо ироаи таҳлил ва бароварде аз масоили амниятии минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳон афзуд, натиҷаи ин сиёсат – эҷоди таҳдидоти мавҳум ва сохтагӣ ва тақсими кор бо муттаҳидони минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар илқои дигарҳаросӣ, ба вежа дар хусуси кишварҳои Русия, Чин ва Эрон аст.

Сардор Раббонӣ бо баёни ин ки Амрико бо сиёсати тиҷорисозии амният, мудохилаи худ дар манотиқи мухталифро тавҷеҳ мекунад, тасреҳ кард: Амрико бо ин иқдом, илова бар чаповули сарвати манотиқи мухталиф ба баҳонаи таъмини амнияти кишварҳои муттаҳид, аз заруритарин ниёзи кишварҳо, ки ҳамоно таъмини сулҳ, амният ва тавсеаи пойдор аст, ҷилавгирӣ мекунад.

Муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бемасъулиятӣ дар гуфтор, рафтор ва тасмимоти раисҷумҳури кунунии Амрико, истимрори буҳрони минтақаи ғарби Осиё ва ба таври хос таҳаққуқ наёфтани хосту ормони таърихии миллати Фаластин ва ироаи тарҳҳое назири “Муомилаи қарн” ва густариши терроризм дар минтақа ва идомаи ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва такфириро аз ҷумлаи таҳдидоти амнияти ҷаҳонӣ баршумурд.

Сардор Раббонӣ таъкид кард, ҷаҳони имрӯз ниёзманди азми ҷиддии тамоми кишварҳо барои муборизаи қотеъ бо террористҳо ва аз байн бурдани авомили буруз, рушд ва ташдиди онон аст.

Нуҳумин нишасти амнияти байналмилалии Чин аз рӯзи душанбе ба муддати се рӯз бо ҳузури намояндагони беш аз 70 кишвар дар Пекин оғоз ба кор кард.