Ташарруфи бонуи таиландӣ ба дини ислом дар Машҳади муқаддас
Малила Судонсоу, бонуи ҷавони таиландӣ бо ҳузур дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) дар Машҳад ба дини мубини ислом мушарраф шуд.
Ба нақл аз ИРНА, ин бонуи таиландӣ ангезаи худ барои мусалмон шуданро ёфтани дини ислом ба унвони дини муҳаббат ва меҳрварзӣ унвон кард.
Дар ҳамин ҳол, Ҳусейни Ғуломпур, раиси Идораи умури зоирони ғайриэронӣ гуфт: Ин бонуи ҷавон барои нахустин бор буд, ки ба Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар Эрон ворид мешуд ва бар хилофи он, чи ки имрӯз дар ҷаҳон алайҳи ислом таблиғ мешавад, аз тариқи тааққул ва тафаккур ва бо муроҷиа ба манобеи аслии дин, бавижа мутолиаи Қуръон бо ислом ошно шуд.
Вай беҳтарин ва комилтарин динро баргузид, ки ин нишон аз пирӯзии дини ислом дорад.