Октябр 23, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Сербистон бо вазири умури хориҷаи Эрон дар Боку

Вазири хориҷаи Сербистон имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳошияи нишасти вузарои Адами Тааҳҳуд дар Боку бо ҳамтои эронии худ дидор ва дар бораи муносиботи дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.


Ба гузориши «Форс», Ивитса Дачич, вазири умури хориҷаи Сербистон имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳошияи нишасти вузарои Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар хусуси равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Муҳаммадалӣ Алҳаким, вазири хориҷаи Ироқ низ пеш аз ин бо Зариф дидор карда буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар нишасти вузарои Адами Тааҳҳуд сешанбе роҳии Боку шуд, имрӯз зимни ширкат дар нишасти мазкур, ба эроди суханронӣ пардохт. Нишасти вузаро аз имрӯз (чаҳоршанбе) ба муддати 2 рӯз дар ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Қарор аст Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ рӯзи панҷшанбе (дувуми обонмоҳ) барои ширкат дар ҳаждаҳумин нишасти сарони Адами Тааҳҳуд ба Боку сафар кунад. Иҷлоси сарон рӯзҳои ҷумъа ва шанбе (севум ва чаҳоруми обон) дар Боку баргузор хоҳад шуд.