Нахуствазири Ҷопон: Ҳамаи тарафҳо ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кунанд
Нахуствазири Ҷопон бо ишора ба аҳаммияти БарҶом дар заминаи ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таъкид кард, ки Ҷопон ҳамчунон аз БарҶом ҳимоят карда ва аз тамоми тарафҳо мехоҳад ба тааҳҳудот худ, амал кунанд.
Синдзо Абэ рӯзи панҷшанбе дар дидори Лаъё Ҷунайдӣ, муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Токио зимни ташаккур аз ҳузури вай дар маросими оғоз бакори Императори ҷадиди Ҷопон гуфт, имсол 90-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Эрон ва Ҷопон аст ва тайи ин муддат дидорҳо ва гуфтугӯҳои хубе байни мақомоти ду кишвар сурат гирифтааст, ки аз ҷумлаи инҳо метавон ба сафари ман ба Эрон ва ҳамчунин мулоқоти ахир бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора кард. Лаъё Ҷунайдӣ, муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ин дидор зимни ибрози хушҳолӣ аз ҳузур дар Ҷопон, дидорҳои мақомоти олии ду кишварро яке аз нишонаҳои аҳаммияти равобити дӯстона ва таърихии ду кишвар донист. Ӯ гуфт, ҳомили саломи гарми ҷаноби оқои Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастам.
Ҷунайдӣ ҳамчунин зимни қадрдонӣ аз талошҳои Ҷопон дар ҳимоят аз БарҶом гуфт, Эрон ҳамвора ба тааҳҳудоти БарҶом амал намуда ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам 14 бор ин мавзӯро таъйд кардааст, лозимаи тадовуми БарҶом иҷрои тааҳҳудоти ҳамаи тарафҳо ва бархурдории Эрон аз мазоёи он аст.
Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар ва барқарори сулҳу субот дар минтақаи Ховари Миёна гуфтугӯ ва табодули назар карданд.