Октябр 25, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Роҳбурди Эрон таомули созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон бар хилофи стратегияи Амрико ва режими саҳюнистӣ таомули созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ҳуҷҷатулислом Сайидмуҳаммад Ҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки Амрико ва режими саҳюнистӣ ва кишварҳои ҳамсӯ бо онҳо фақат забони зӯрро мефаҳманд, тасреҳ кард, кишварҳое, ки мехоҳанд аз манофеи миллии худ дар баробари ин зиёдахоҳон дифоъ кунанд, бояд бо қудрати сиёсӣ, илмӣ, дифоӣ, иқтисодӣ ва бо иқтидор ҳофизи манофеи хеш бошанд. Абутуробифард афзуд, стратегияи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз оғози ҳаракати инқилобии миллати Эрон ва шаклгирии низоми исломӣ ҷангафрӯзӣ ва тақобули мустамар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки муқобила бо якқутбӣ шудани ҷаҳон аз мавориди ҳадафгузоришуда дар чашмандози 20-солаи ҷумҳурии исломӣ аст, хотирнишон кард, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмилалӣ, парҳез аз таниш дар равобит бо кишварҳо, тақвияти равобити созанда бо кишварҳои ғайримутахосим, баҳрагирӣ аз равобит барои афзоиши тавони миллӣ ва талош барои раҳоии минтақа аз ҳузури бегонагон аз ҷумлаи роҳбурдҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Абутуробифард гуфт, қудрати дифоӣ, ҷабҳаи муқтадири муқовамати исломӣ, ваҳдат ва инсиҷоми миллати Эрон, омили боздорандаи Амрико аз таарруз ба ҷуғрофияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 

Барчасп