Эҳдои олитарин нишони Кумитаи Паралимпик ба раиси Кумитаи паралимпики Эрон
(last modified Fri, 25 Oct 2019 13:32:38 GMT )
Октябр 25, 2019 18:32 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои олитарин нишони Кумитаи Паралимпик ба раиси Кумитаи паралимпики Эрон

Маҳмудхусрави Вафо, раиси Кумитаи миллии паралимпики Эрон олитарин нишони Кумитаи Байналмилалии Паралимпикро дарёфт кард.

Ба гузориши ИРНА, ин нишон ба фарде, ки боиси эҷоди таҳаввул, ангезиш ва низ ироаи хадамоти барҷаста ба ҷунбиши паралимпик дар солҳои дуру наздик ба кишвари худ ва ҷаҳон шудааст, тааллуқ мегирад. Бар асоси ин гузориш, шаби панҷшанбе дар маросими сиюмин солгарди таъсиси Кумитаи Байналмилалии Паралимпик дар шаҳри Бонни Олмон олитарин нишони Кумитаи Байналмилалии Паралимпик ба Маҳмудхусрави Вафо, ки солиёни тӯлонӣ дар нақши бузургтарин ҳомии варзиши ҷонбозон, маълулон, нобиноён ва камбиноёни Эрон талош кардааст, эҳдо шуд.