Октябр 26, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 16 ҳазор зоири хориҷӣ ба Машҳад

Ҳамзамон бо охирин рӯзҳои моҳи сафар ва айёми реҳлати паёмбари Ислом (с), шаҳодати имом Ҳасан (а) ва имом Ризо (а) 16 ҳазор зоири хориҷӣ барои зиёрати ҳарами нуронии ҳазрати Ризо (а) вориди шаҳри Машҳад, дар шимоли шарқи Эрон шуданд.

Фардо (якшанбе), 28 сафари соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 27 октябри 2019, солрӯзи реҳлати паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), фарзанди имом Алӣ (а) ва наводаи гарнқадри расули Худост.

Ҳамчунин рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, баробар бо 30 сафар - солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а) аст.

Ба ҳамин муносибат, ҳамзамон бо вуруди гурӯҳи азими зоирони пиёда аз устонҳои мухталифи Эрон ба шаҳри Машҳад, беш аз 16 ҳазор зоир аз кишварҳои дигар низ барои зиёрати ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) вориди ин шаҳр шудаанд.

Бештари ин зоирони хориҷиро мусулмонони Ҳинд, урдузабонон, атбои кишварҳои арабӣ ва озаризабонон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ҳазору дусад зоири аҳли суннат аз саросари Эрони исломӣ низ ба зиёрати ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) мушарраф шуданд.