Октябр 28, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳудуди севуним миллион зоир ба Машҳад

Муовини ҳамоҳангӣ ва мудирияти умури зоирони устондори Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон гуфт, дар остонаи солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а) то имрӯз (душанбе) 3 миллиону 340 ҳазор зоир барои зиёрати ҳарами мутаҳҳари он имоми бузургавор вориди Машҳад шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадсодиқи Баротӣ, муовини ҳамоҳангӣ ва мудирияти умури зоирони устондори Хуросони Разавии Эрон пешбинӣ кард, то поёни моҳи сафар, ҳудуди панҷ миллион зоир вориди Машҳад шаванд.

Илова бар зоирони эронӣ, зоироне аз кишварҳои мухталиф низ ба Машҳад сафар кардаанд.

Фардо (сешанбе) 30-уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 октябри 2019, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), набераи гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) маҳсуб мешавад.

Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо(а), Маъмун халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ, эшонро масмум ва шаҳид кард.

 

Барчасп