Октябр 29, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а) сиёҳпӯш шуд

Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а), имоми ҳаштуми мусалмонони ҷаҳон сиёҳпӯш ва ғарқ дар мотаму андуҳ аст.

Имрӯз, сешанбе, 30-юми сафари соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 29-уми октябри соли 2019 солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), имоми ҳаштуми мусалмонони ҷаҳон аст.

Ошиқон ва пайравони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар саросари Эрон бо ҳузур дар амокини мазҳабӣ, масоҷид ва ҳайатҳо, бахусус дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи маъсума (с), хоҳари гаронқадри Имом Ризо (а) дар Қум ба марсияхонӣ ва азодорӣ пардохтанд.

Беш аз чаҳор миллион зоир аз саросари Эрон ва бархе кишварҳои ҷаҳон дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ризо (а) барои зиёрати эшон вориди Машҳад шудаанд.

Ҳазрати Имом Ризо (а) дар соли 148-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд. Муддати имомати ҳазрати Ризо (а) ҳудуди 20 сол тӯл кашид, ки 17 соли он дар Мадина ва се соли охири он дар Хуросон гузашт. Даврони ҳаёту имомати ҳазрати Имом Ризо (а) ҳамзамон бо густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) буд. Бо авҷгирии тамоилоти мардум ба имоми ҳаштуми мусалмонони ҷаҳон Маъмун, халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ эшонро масмум ва шаҳид кард.