Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ба Узбакистон меравад
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай, фардо (ҷумъа) ба Узбакистон сафар хоҳад кард.
Ба гузориш ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон дар ин сафар зимни дидор ва музокира бо нахуствазири Узбакистон ва бархе мақомоти ширкаткунанда дар ин иҷлос, ба ташреҳи дидгоҳҳо ва мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси муҳиммтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад пардохт.
Ҷаҳонгирӣ ҳамчунин қарор аст, дар ин сафари ду рӯза аз бархе марокизи таърихии шаҳри Самарқанд боздид кунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай, созмони миёни давлатӣ аст, ки дар соли 2001 аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд ва дар соли 2017 Ҳинд ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.
Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.