Октябр 31, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар нақши созандаи Эрон дар Сурия

Раисиҷумҳури Русия эълом кард, ин кишвар дар канори Эрон ва Туркия талошҳои густурдаеро барои ташкили кумитаи Қонуни асосии Сурия ба кор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни таъкиди дубора бар нақши муҳимми Эрон, Туркия ва Маскав дар фароянди ҳалли буҳрон дар Сурия гуфт: Фаъолияти кумитаи Қонуни асосии Сурия ба поён ёфтани буҳрон дар ин кишвар кумак кардааст.

Путин дар конфронси матбуотии муштарак дар Будапешт бо Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон ибрози умедворӣ кард, ки кумитаи Қонуни асосии Сурия битавонад дар нишаст худ дар Женева ислоҳотеро дар қонуни асосии ин кишвар, бидуни мудохилаи хориҷӣ, эҷод кунад.

Раисиҷумҳури Русия, ҳамчунин гуфт, дар Женева нахустин нишасти кумитаи қонуни асосии Сурия баргузор шудааст, ки дар чорчуби он тарафҳои ҳозир метавонанд ба сурати мустақим бидуни мудохилаи хориҷӣ ба ислоҳи Қонуни асосии Сурия ва бинои ҳукумати ин кишвар ва тавсеаи пойдори он бипардозанд.

Нахустин нишасти кумитаи Қонуни асосии Сурия рӯзи чаҳоршанбе бо ширкати ҳамаи 150 узви ин кумита шомили намояндагони давлат, мухолифон ва ҷомеаи мадании Сурия дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева баргузор шуд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, низ соли 2015 қатъномаи шумораи 2254-ро бо унвони "нақшаи роҳи амалиёти интиқоли сиёсӣ дар Сурия" ба иҷмои аъзо тасвиб карда буд.

 

Барчасп