Ноябр 01, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Утоқи Эрон ноиби раиси Утоқи бозаргонии Ҷодаи Абрешим шуд

Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон гуфт, Утоқи бозаргонии Эрон ба унвони ноиби раиси ташаккули чандмиллатии Утоқи бозаргонии Ҷодаи Абрешим интихоб шудааст.

Ба гузориш ИРНА, Ғуломуҳсини Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти Шӯрои гуфтугӯии давлат ва бахши хусусии устони Хуросони Разавӣ дар Машҳад бо баёни ин ки Утоқи бозаргонии Ҷодаи Абрешим бо узвияти 67 кишвари ҷаҳон ташкил шудааст, афзуд, нахустин иҷлоси утоқҳои Ҷодаи Абрешим ба мизбонии кишвари Чин дар моҳи ноябр баргузор мешавад. Раиси утоқи бозаргонии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки пайвастани Эрон ба Иттиҳоди Авруосиё заминаи тавсеаи равобити иқтисодии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардааст, тасреҳ кард, ҳамзамон бо афзоиши ҳаҷми мубодилоти колоҳои Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё зерсохтҳои лозим барои ҳамлу нақли рейлӣ ва ҳамлу нақли сардхонаӣ низ тавсеа меёбад.

Мувофиқномаи тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳоди Авруосиё аз 27 октябр иҷроӣ шудааст. Ин мувофиқатнома шомили 862 намуд коло аст, ки 360 намуд тарҷеҳоти эътоии Эрон ба Авруосиё ва 502 намуд ҳам тарҷеҳоти эътоии Авруосиё ба Эрон аст.

Ҳамакнун панҷ кишвар, Русия Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви Иттиҳоди Авруосиё ҳастанд. Ин иттиҳод бо беш аз 40 кишвар ва созмони байналмилалӣ барои фаъолият дар чорчӯби муқаррароти Иттиҳоди Авруосиё эъломи омодагӣ кардааст.