Ноябр 01, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон

Вазорати хориҷаи Амрико дар чорчӯби ташдиди терроризми иқтисодӣ зидди мардуми Эрон аз эъмоли таҳримҳои ҷадид хабар дод.

Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо тамдиди маофиятҳои марбут ба ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаӣ бо Эрон таҳримҳои ҷадиде зидди бахши умрон ва маводи муртабит бо фаъолиятҳои ҳастаӣ ва низомии Эрон вазъ кард. Таҳримҳои Амрико бо ҳадафи фишори ҳаддиаксарӣ зидди миллати Эрон таҳмил мешавад, аммо онон бо муқовимати ҳаддиаксарӣ сиёсати давлати Амрикоро бо шикаст рӯ ба рӯ карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико моҳи майи соли 2018 дар тасмими ғайриқонуние ин кишварро аз БарҶОМ хориҷ кард ва таҳримҳоро алайҳи Эрон баргардонд. Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз як соли сабри роҳбурдӣ ва бароварда нашудани интизороташ, аз моҳи майи соли 2019 бархе тааҳҳудҳои барҷомии худро коҳиш додааст.