Ноябр 04, 2019 20:54 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Замина барои тавсеаи ҳамкори байни Теҳрон ва Боку фароҳам аст

​​​​​​​Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, дар шароити кунунӣ фазои бисёр хубе барои тақвияти ҳамкорӣ ва муносиботи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон фароҳам аст.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Бунёд Ҳусайнов (Bonyad Hosseinov), сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон афзуд, мардум ва масъулони Эрон ҳамвора алоқаманд ба густариши равобит ва ҳамкори бо ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд.

Лориҷонӣ бо таъкид бар лузуми густариши ҳамкории парлумонӣ байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон тасреҳ кард, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон барои густариши ҳамкории парлумонӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон маҳдудияте қоил нест ва равобит бояд дар тамоми заминаҳо тасҳил шавад.

Сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Эрон низ дар ин дидор, равобити ду кишварро густурда ва таърихӣ донист ва изҳор кард, равобити Теҳрон ва Боку дар ҳавзаҳои мухталиф дар ҳоли густариш аст.

Ҳусайнов ҳамчунин бо ишора ба тамҳидоти сурат гирифта барои тавсеаи гардишгарӣ байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард, Боку ҳамвора аз тавсеаи ҳамкорӣ ва мубодилот бо Эрон ҳимоят мекунад.

Ба гузориши манобеи расмии ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳаҷми гардиши тиҷории Теҳрон ва Боку дар соли 2018, 74 дарсад афзоиш ёфта ва ба 446 миллион доллар расидааст.