Сардор Саломӣ: Таҳдидҳои душманро ба фурсат табдил мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48165-Сардор_Саломӣ_Таҳдидҳои_душманро_ба_фурсат_табдил_мекунем
​​​​​​​Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: “Ба душманон мегӯем, аз ҳар таҳдиде, ки бисозед фурсат месозем ва ҳар ҳадаферо думбол кунед, нокоматон мекунем”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Сардор Саломӣ: Таҳдидҳои душманро ба фурсат табдил мекунем

​​​​​​​Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: “Ба душманон мегӯем, аз ҳар таҳдиде, ки бисозед фурсат месозем ва ҳар ҳадаферо думбол кунед, нокоматон мекунем”.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ имрӯз (панҷшанбе) бо ишора ба тадовуми иқдомоти душманон зидди миллати Эрон тасреҳ кард, мо ёд гирифтаем ҳамеша пирӯз бошем, мо ҳеҷ гоҳ бо вуҷуди ҷавонони ҷиҳодӣ, наметавонем шикаст бихӯрем.

Фармондеҳи кулли сипоҳ таъкид кард, душман дар ҷанги иқтисодӣ ва амалиёти равонӣ иззат, азамат, иқтидор ва сарбаландии мардуми Эронро нишона гирифта буд, ки дар ин ҷанг низ шикаст хӯрдааст.

Вай афзуд, ҷанги иқтисодӣ ва амалиёти равонии душман, иззат, иқтидор ва сарбаландии моро ҳадаф қарор гирифта буд, аммо тамом шуд.

Фармондеҳи кулли сипоҳ бо таъкид бар инки шумо ҷиҳодиҳо, ки бошед, Эрон ҳамеша рӯз ва равшан аст, гуфт, шумо ҷиҳодиҳо, ки бошед, миллати мо аз сахтиҳо, содатар убур мекунанд ва ба аҳдофи бузург зудтар мерасанд.

Сарлашкар Саломӣ таъкид кард, шаъни миллати мо каммиятҳои кӯчак нест, мардуми мо бояд ҳамеша хушҳол ва сари ҳол бошанд.

Вай хотирнишон кард, ба душманон ҳам мегӯем ҳар таҳдидро думбол кунед, мо онро ба фурсат табдил мекунем ва шикаст хоҳед хӯрд, чаро, ки шумо омӯхтаед ҳамеша бознда бошед ва мо ҳам ёд гирифтаем ҳамеша пирӯз бошем.