Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48189-Панҷумин_намоишгоҳи_ихтисосии_Эрон_дар_Тоҷикистон
Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон 21-уми декабр оғоз ба кор мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон

Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон 21-уми декабр оғоз ба кор мекунад.

Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 21 то 24-уми декабри имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ аз сӯйи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Машҳад баргузор хоҳад шуд.

Дар ин намоишгоҳ, ки аз сӯйи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Машҳад баргузор мешавад, ширкатҳои тавлидӣ ва фаъолони иқтисодӣ дар бахшҳои саноати ғизоӣ, беҳдоштӣ, дармонӣ, бахшҳои мухталифи тавлидӣ, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фарш ва лавозими хонагӣ, хадамоти фарҳангӣ  ҳузур хоҳанд дошт.