Ноябр 09, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Туркия

Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири хориҷаи Туркия имрӯз Шанбе ) паш аз оғози нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО ) дар Анталия дидор ва гуфтугу карданд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазириумури хориҷаи Эрон ва Мавлуд Човушуғлу вазири умури хориҷаи Туркия дар ин дидор дар бораи мавзуъоти мавриди алоқа дар ҳавзаи робитаҳои дуҷониба ва таҳавулоти минтақа ва ҳамкории ду кишвар дар ЭКО табодули назар карданд.

Бистучорумин нишасти вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории иқтисодии ЭКО имрӯз ( шанбе ) дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад.

Вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар иҷлоси як рӯзаи ЭКО, муҳимтарин масоили иқтисодии муштарак ва ҳадафҳои ин Созмонро баррасӣ ва пайгирӣ хоҳанд кард.

Созмони ҳамкории Иқтисодии ЭКО Созмони минтақаие аст,ки дар соли 1985 аз суи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв таъсис шуд ва дар соли 1992, ҳафт кишвари Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистонро ба узвият пазируфт.