Зариф: бояд аз зарфиятҳои ЭКО барои ҳамгароии иқтисодӣ истифода шавад
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки бояд аз зарфиятҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) барои ҳамгароӣ дар ин минтақа шавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи шанбе дар бисту чаҳорумин нишасти Шурои вазирони ЭКО дар Анталияи Туркия афзуд, ЭКО бо бархурдорӣ аз ҷамъияте ниммиллиард нафарӣ мавқеияти ҷуғрофиёии фавқулода, манобеи саршори энержӣ ва маъданӣ, манобеи иснонии пешрафта, бозори тиҷории бузург ва қаробатҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, тамомии муаллифаҳои мавриди ниёз барои муваффақият дар ҳамкории чандҷониба миёни миллатҳоро доро аст.
Зариф бо ишора ба ин ки авлавияти аслии дастури кори ин нишаст бояд амалисозии иҷтимои ЭКО ҳамроҳ бо тарвиҷи сулҳ ва субот ва беҳрӯзии бештари мардуми ин минтақа ва арзишҳои ғании муштарак бошад тасреҳ кард, бояд сохтори ҳамкорӣ барои расидан ба ин ҳадаф дубора созмондеҳӣ шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таҳримҳои душманон алайҳи Эрон изҳор кард, бо вуҷуди сахтиҳое, ки мардуми Эрон дар замони терроризми иқтисодӣ ва иқдомоти қаҳрии якҷониба ва золимона ва бепарво таҷриба мекунанд, Теҳрон ба тааҳудоти худ ба ЭКО ва барномаҳо ва тарҳҳояш идома медиҳад.