Ноябр 10, 2019 12:18 Asia/Dushanbe
  • Оғози рӯзҳои фарҳангии Русия дар Эрон

Маросими рӯзҳои фарҳангии Русия дар Теҳрон рӯзи шанбе бо ҳузури раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон ва муовини вазири фарҳанги Русия дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, баргузории намоишгоҳи саноати турбофии вилояти Вологдаи Русия ва намоишгоҳи саноати дастии рус ва иҷрои мусиқии курри русӣ аз ҷумлаи барномаҳои ҳафтаи фарҳангии Русия аст, ки дар маҷмуаи фарҳангӣ-таърихии кохи Ниёварони Теҳрон баргузор мешавад.

Абузари Иброҳимии Туркамон раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар ин маросим бо ишора ба пешинаи равобити фарҳангӣ байни Эрон ва Русия гуфт, шоирони эронӣ ва русӣ суханони ҳикматомӯзе ба ёдгор гузоштанд, ки ҳунармандони ду кишвар дар қолиби мусиқӣ ва калом ин ҷумалоти арзишмандро адо мекунанд.

Павел Степанов муовини вазири фарҳанги Русия ҳам дар маросими ифтитоҳи ҳафтаи Русия дар Теҳрон гуфт, имрӯз фурсате фароҳам шудааст, то мардуми Эрон битавонанд аз иҷрои барномаҳои курри Русия дидан кунанд.

Барчасп