Қаҳрамонии тими парвариши андоми Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ
Ноябр 10, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
Тими парвариши андоми Эрон унвони қаҳрамонии рақобатҳои ҷаҳонӣ дар Иморотро касб кард.
Ба нақл аз ИРНО, тими парвариши андоми Эрон бо касби 11 медали тилло ва се медали нуқра бо иқтидор қаҳрамонии рақобатҳои ҷаҳонӣ дар Иморот шуд.
Рақобатҳои парвариши андом ва бодии класики қаҳрамонии ҷаҳон бо ҳузури 700 варзишкор рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар бандари Фуҷайраи Иморот баргузор шуд.