Ноябр 10, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон мухолифи таарруз ба ҳокимияти миллии кишварҳои минтақааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон мухолифи ҳаргуна таарруз ба ҳокимияти миллии кишварҳои минтақааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар посух ба саволи хабарнигори бурунмарзӣ дар бораи изҳороти раиси ҷумҳури Туркия мабнӣ бар норизоятӣ аз мақомоти Эрон пас аз ҳамлаи Туркия ба Сурия афзуд, равобити дӯстонаи Эрон бо кишварҳои минтақа ба вижа кишварҳои дуст сари ҷои худ маҳфуз аст зимни ин ки равобити Эрон бо Туркия ҳеҷгоҳ мисли ҳоло дар авҷ набудааст, аммо ин ба он маънои кутоҳ омадани Теҳрон аз мавзеи аслии худ нест.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи изҳороти Раҷаб Таиб Эрдуғон мабнӣ бар эҳтимоли кашонда шудани эътирозҳои ахири мардумӣ дар Ироқ ба дохили Ироқ ва вуҷуди дастҳои пушти парда гуфт, изҳороти Эрдуғон дар воқеъ навъе ҳушдор ва дуруст ва ба ҷо буда ва хуб аст кишварҳои минтақа ҳушёр ва ҳассос бошанд.

Мусавӣ дар бораи эътирозҳои мардумии ахир дар Ироқ ва таъсири он бар минтақа гуфт, Теҳрон дар бораи масоили дохилии Ироқ изҳори назар намекунад, аммо ба таври куллӣ иддае ба дунболи сӯистифода аз эътирозҳои ахир дар ин кишвар ҳастанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи изҳороти ахири саид Аббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Маскав дар хусуси эҳтимоли таҷдиди назари Эрон дар Доктринаи ҳастаӣ ва изҳороти аврупоиҳо дар бораи бозгашти таҳримҳо афзуд, аврупоиҳо на ҳақи чунин кореро доранд ва на метавонанд ин корро анҷом диҳанд, зеро коҳиши тааҳудоти ҳастаии Эрон бар асоси мафоди БАРҶОМ буда ва ин ҳақ барои Эрон маҳфуз аст.

Сухангӯи дастгоҳи депломасии Эрон бо ишора ба иҷроишудани гоми чаҳоруми коҳиши тааҳудоти ҳастаии Эрон тасреҳ кард, ҳануз депломасӣ фурсат дорад ва дарҳои гуфтугӯ боз аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба ин савол, ки оё Эрон барои хуруҷ аз БАРҶОМ тасмим хоҳад гирифт ва ё омодаи пазириши тарҳҳои дигар мақомоти аврупоӣ аст афзуд, машваратҳо идома дорад ва дар фурсати ду моҳи оянда Аврупо бояд ба тааҳудоти худ амал ва Эронро қонеъ кунад. 

Барчасп