Ноябр 10, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ифтихорофаринии ҷавони мубтакири эронӣ дар ҷашнвораи Кореяи Ҷанубӣ

Ҷавони эронӣ медали тиллои ҷашнвораи байналмилалии ихтирооти Кореяи Ҷануби, BIXPO 2019-ро касб кард.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Қаввомипур Кумла, ҷавони эронӣ дар ин ҷашнвора сомонаи сӯхти хуршедии паҳподҳоро тарроҳӣ кардааст.

Ҷашнвораи байналмилалии ихтирооти Кореяи Ҷанубӣ BIXPO 2019 бо талои ширкати нерӯи барқи Кореяи Ҷанубӣ ва ҳимояти Федератсияи байналмилалии ихтироъкорон баргузор шуд.

Дар ин ҷашнвора 180 ширкаткунанда аз 30 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.

Ризо Қаввомипур Кулма пеш аз ин дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтирооти Олмон дар соли 2017 ва дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтирооти Швейтсария дар соли 2014 муваффақ ба касби медал ва ҷоизаҳои вижа шуд.

 

Барчасп