Баргузории ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин бо ҳузури сафирони 20 кишвар
Ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин бо ҳузури сафирони 20 кишвар баргузор мешавад.
Мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии вилояти Гулистон гуфт, ҳудуди 20 тан аз сафирони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Боливия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Ироқ, Чин, Узбакистон,Сенегал дар ҷашнвораи ақвом ҳузур хоҳанд дошт ва барномарезиҳои лозим барои мизбонии шоиста аз сафирон ва меҳмонони хориҷӣ сурат гирифтааст.
Ба нақл аз Ҷавононлайн, вай ёдовар шуд, дар бахши саноати дастӣ дар ин ҷашнвора аз 30 вилоят эъломи омодагӣ карданд. Дар бахши савғот низ тамомии вилоятҳои Эрон ҳузур хоҳанд дошт.
Иброҳими Каримӣ муудири кулли мероси фарҳангии Гулистон бо ишора ба ин ки 24 чодари сиёҳ ҳам дар маҳали баргузории ҷашнвора барпо хоҳад шуд, гуфт, 20 гуруҳи мусиқӣ ва оинӣ барои ҳузур дар ин ҷашнвора эъломи омодагӣ карданд.
Мудири кулли меросим фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии вилояти Гулистон гуфт, ин ҷашнвора аз 12 то 15 ноябр дар шаҳристони Гургон ва аз 17 то 20 ноябр дар шаҳристони Гунбадиковус баргузор мешавад.