Ноябр 11, 2019 12:15 Asia/Dushanbe
  • Эътои ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо (с) ба панҷ донишманди баргузидаи ҷаҳони ислом; имрӯз

Дар севвумин давраи эътои ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо (с), ки имрӯз ҳамзамон бо ҳафтаи ваҳдат дар Теҳрон баргузор мешавад аз панҷ донишманди барҷастаи ҷаҳони ислом тақдир хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Удгур Шоҳин аз Туркия бо асаре дар ҳавзаи сӯзандоруҳои дармонии зиддисаратон,  Алии Ходим Ҳусайнӣ аз Эрон бо асаре дар ҳавзаи гидрогелҳои нанобайв, Имрон Инон аз Туркия бо асаре дар ҳавзаи дарки мутақобили мавҷ ва зарра дар фазои наздики замин, Ҳусайни Баҳорванд аз Эрон бо асаре дар ҳавзаи селулҳои бунёдӣ ва Муҳаммад Абдулванд аз Эрон бо асаре дар ҳавзаи шеваҳои навини ташхиси саратон ба унвони баргузидагони ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо (с) мавсум ба Нобели исломӣ муаррифӣ ва таҷлил хоҳанд шуд. Севвумин ҳафтаи ҷоизаи Мустафо (с) рӯзи шанбе бо ҳузури масъулон ва андешмандони эронӣ ва хориҷӣ оғоз ба кор кард. Ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо (с) ҳар ду сол як бор бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва ҳамафзоӣ миёни днишмандони барҷастаи ҷаҳони ислом баргузор ва ҷоиза ба донишмандоне, ки дорои асари навоварона ва барҷаста бошанд эҳдо мешавад.