Гомҳои тозаи Эрон барои баҳрамандӣ аз дониш ва фановарии ҳастаӣ
“Саноъати ҳастаӣ-як саноъати иқтидорофарин аст."
Алиакбари Солеҳӣ-раиси созмони энергии атомии Эрон субҳи рӯзи якшанбе дар маросими оғози бетонрезии дувумин реактори ҳастаии ниругоҳи атомии Бушеҳр бо баёни ин мавзӯъ ва бо ишора ба суханони Мақоми муаззами раҳбарӣ дар бораи аҳамияти дониши ҳастаӣ афзуд: "Санъати ҳастаӣ метавонад дар маҷмӯаи саноъати кишвар иқтидор эҷод кунад ва инки ин санъат метавонад ба таври воқеъӣ сарчашмаи иқтидор бошад, бинобарин душманони инқилоб мехоҳанд ин сарчашмаи иқтидорро аз мо бигиранд."
Солеҳӣ ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад таҷрибаҳои ҳастаии худро ба кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, ки рӯйкарди ҷадиде дар истифода аз энергии ҳастаӣ дар пеш гирифтаанд, интиқол диҳад.
Таҳкурсии сохти ниругоҳи дувум ва севуми Бушеҳр дар соли 2016 гузошта шуд.
Интизор меравад реактори дувум дар соли 1404 ва реактори 3 дар соли 1406 баҳрабардорӣ шавад.
Дарвозаи вуруди Эрон ба технология ва фановарии сохти ниругоҳи ҳастаӣ ҳамкории кишвари Русия буд ва ниругоҳи Бушеҳр намоди ин ҳамкории самимона аст.
Раиси созмони энергии атомии Эрон бо баёни инки акнун корҳои фаровони дигаре бо кишвари Русия дар арсаи илмӣ аз ҷумла тавлиди изотопҳои пойдор дар дасти иқдом аст , гуфт: ниругоҳи Бушеҳр метавонад дар оянда байни 200 ҳазор то 400 ҳазор метр мукаъаб оби ширин барои мардуми Бушеҳр таҳвил бидиҳад ва бо ба баҳрабардорӣ расидани ин ду ниругоҳ 22 ҳазор киловатт соат барқ тавлид хоҳад шуд.
Тавсеъаи дониши ҳастаӣ дар Эрон акнун аз эътибори байналмиллалӣ бархурдор аст.
Ба рағми ҳама таҳримҳо,Эрон тай солиёни гузашта бо талоши мутахассисон худ ба чархаи комили сӯхти ҳастаӣ (ғанисозӣ) даст ёфт ва акнун аз назари дониш ва фановарӣ дар ин арса дар радифи андак кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирифтааст.
Маҳмуд Ризо Оқомири-раиси донишкадаи муҳандисии ҳастаии донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ дар ин бора мегӯяд:"Эрон бо вуҷуд онки дар баҳси технологияи ҳастаӣ, таҳти таҳрим ва аз ҳаргуна имкони омӯзиш, тарбияти нируи инсонӣ ва дастёбӣ ба таҷҳизот маҳрум буда, аммо тавонистааст ба ҷойгоҳи хубе дар ин замина даст ёбд; Ба тавре, ки тамоми марҳилаҳо аз сохти маъдан гирифта то кеки зард ва аз ғанисозӣ то тавлид ва тарроҳии сӯхтро ба танҳоӣ анҷом медиҳад."
Дар ин роҳ шуморе аз донишмандони ҳастаии Эрон ҳадафи иқдомоти террористӣ қарор гирифтанд ва ба шаҳодат расиданд, аммо ҳаракат дар ин масири пурифтихор лаҳзае мутаваққиф нашуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи фановариҳои печидаи дониш ҳастаӣ бо тарроҳӣ ва тавлиди сӯхти сафҳаи реактори таҳқиқотии Теҳрон имкони фаъолияти ин реакторро, ки дар тавлиди доруҳои мавриди ниёз дар дармони бемориҳои сахтилоҷ корбурд дорад, фароҳам кард.
Дар баҳси таҷҳизот низ ҳафтаи гузашта бо ҳузури раиси созмони энергии атомии Эрон аз занҷираи 30-тоии сонтрифужҳои пешрафтаи насли ҷадиди "AR 6" дар муҷтамаъи ғанисозии Натанз рӯнамоӣ шуд.Ин сонтрифужҳо 10 баробари сонтрифужҳои насли аввал метавонанд ғанисозии уранро анҷом диҳанд. Ин тавонмандиҳо нишон медиҳад, ки Эрон дар ҳавзаи ҳастаӣ ба муваффақиятҳои бузурге расидааст.
Муваффақиятҳо дар шароите ҳосил шудааст, ки кишварҳои ғарбӣ бархилофи тааҳҳудоти байналмиллалӣ аз ҳамкории ҳастаӣ бо Эрон худдорӣ карданд ва бо эҷоди фишор бар ожонси байналмиллалии энергии атомӣ талош карданд монеъ аз кумакҳои фаннӣ ба Эрон шаванд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аммо бо пойбандии комил ба муоҳидоти ҳастаӣ ва дар чорчуби муқаррарот ва таҳти назоратҳои бардавоми ожонс, дар ин роҳ муваффақ шуд ва ба фановарии печидаи дониши ҳастаӣ даст ёфтааст.Дар дигар арсаҳои илму дониш низ Эрон ба нишондодҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёфта, ки дар даврони таҳримҳо ба даст омадааст.