Ноябр 12, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти Афғонистон меҳвари ройзании мақомоти Эрон ва Узбакистон

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Узбакистон дар умури Афғонистон бо намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дидор кард.

Исматулло Иргашев намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Узбакистон дар Афғонистон бо Муҳаммадиброҳим Тоҳириёнфард дастёри вижаи вазири умури хориҷаи ва намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дидор кард.

Ба нақл аз Форс, гузоришҳое дар мавриди талошҳои Узбакистон барои ҳаллу фасли масоили Афғонистон ва абъоди авлавиятдори сиёсати узбакҳо дар бозсозии иқтисодии ин кишвар дар ихтиёри Эрон қарор гирифт.

Депломати эронӣ низ аз сиёсати Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон мабнӣ бар ҳамгароии Афғонистон бо просаҳои минтақаӣ, ироаи кумаки амалӣ барои иҷрои тарҳҳои мухталифи зербиноӣ тақдир кард.

Вай бо дар назар гирифтани аҳамияти ҳаллу фасли мусолиматомези масоили Афғонистон бар лузуми ҳамгароии талошҳои кишварҳои минтақа дар ин паҳлуҳо таъкид кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 25 декабри соли 1991 ба расмият шинохта ва дар таърихи 10 майи соли 1992 байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шудааст.