Ноябр 13, 2019 12:32 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони Миллал аз таҳримҳои ғайри инсонии Амрико зидди Эрон

Мақоми Созмони Миллали Муттуҳид дар вокуниш ба таҳримҳои ғайри инсонии Амрико зидди Эрон табаияти Вашингтон аз тасмимҳои Девони байналмиллалии додгустарӣ дар ин замина хостор шуд.

Фарҳон Ҳақ муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон ба хабари ҷон бохтани 15 бемори парвонаӣ бар асари таҳрими Амрико алайҳи Эрон дар заминаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ гуфт, Амрико ва ҳамаи кишварҳо бояд дар ин замина аз тасмимҳои Девони байналмиллалии додгустарӣ табаият кунанд.

Тибқи дастури Девони байналмиллалии додгустарӣ дар октиябри 2018 Амрико вазифа дорад монеаҳои бархоста аз таҳримҳои 8 майи 2018-ро дар содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон рафъ кунад.

Ҳуҷатул ислом саид Ҳамидризо Ҳошимии Гулпойгонӣ мудири хонаи беморони парвонаии Эрон чанде пеш хабар дод, ширкати шведии тавлидкунандаи понсмони вижа ва дору барои ин беморон эълом кардааст, ки ба иллати таҳримҳои Амрико наметавонад сифоришҳои доруии Эронро ирсол кунад.

Бемории парвонаӣ ё Epidermolysis bullosa, ки ба EB шинохта мешавад, бемории виросатӣ аст, ки дар пуст ва ғишои мухота обла эҷод мекунад ва ашхоси дучори ин беморӣ дар маърази саратони пуст ҳастанд.

Барчасп