Ноябр 13, 2019 15:03 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи Эрон бо АвруОсиё заминасози тавсеаи содирот

Сафири Қазоқистон дар Эрон гуфт, тафоҳумномаи имзошуда байни Эрон ва Иттиҳодияи АвруОсиё заминасози тавсеаи содирот аз Эрон ба кишварҳои минтақаро беш аз пеш фароҳам кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Асхат Оразбой сафири Қазоқистон дар Эрон шомгоҳи сешанбе дар ҳошияи баргузории Ҷашнвораи байналмиллалии ақвом дар шимоли Эрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, бо имзои тафоҳумномаи ҳамкории Иттиҳодияи АвруОсиё ва Эрон заминаи тавсеаи тиҷорати Эрон бо панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус фароҳам шудааст.

Ҳодии Ҳақшинос вилоятдори Гулистон низ гуфт, Эрон дар байни 200 кишвари узви Созмони Миллал ҷузви 20 кишваре аст, ки бештарин ҳамсояро дорад ва ин омил фурсати беназире барои Эрон аст то аз ин зарфиятҳо истифода кунад.

Мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳодияи АвруОсиё аз 27 октябр иҷроӣ шудааст.

Ин мувофиқатнома шомили 862 қалам коло аст, ки 360 қалам тарҷеҳоти эътоии Эрон ба АвруОсиё ва 502 қалам ҳам тарҷеҳоти эътоии АвруОсиё ба Эрон аст.

Ҳамакнун панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус узви Иттиҳодияи АвруОсиё ҳастанд.

Ин иттиҳодия бо беш аз 40 кишвар ва созмони байналмиллалӣ барои фаолият дар чорчуби муқаррароти Иттиҳодияи АвруОсиё эъломи омодагӣ кардааст.

Барчасп