Ноябр 13, 2019 15:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллати Яман

Дастёри вижаи раиси Маҷлииси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал дар дидори Иброҳим Муҳаммад Алдейламӣ сафири Яман дар Теҳрон бар ҳимояти Эрон аз тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллати Яман таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён рӯзи сешанбе дар ин дидор бо ишора ба нақшаи шуми Амрико ва режими саҳюнистӣ барои таҷзияи кишварҳои минтақа гуфт, Теҳрон аз тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллати Яман ҳимоят мекунад.

Дастёри вижаи раиси Маҷлииси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал афзуд, муқовимат, истодагӣ ва эмони миллати Яман дар баробари мутаҷовизон чора ва натиҷае ҷуз таслим шудан ба ҳалли сиёсии буҳрон барои онҳо бар ҷо нагузоштааст.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин хостори ҳимояти маҷмаъҳои байналмиллалӣ аз ҳуқуқи аз дастрафтаи мардуми бедифои Яман шуд ва гуфт, зарурӣ аст намояндагони воқеии мардуми Яман битавонанд бо имкони ҳузур дар маҷмаъҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ хостаҳои ба ҳақ ва қонунии мардуми худро бароварда кунанд.

Дастёри вижаи раиси Маҷлииси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал  дар идома тадовуми муҳосираи инсонии Яманро ҷинояте бузург ва фоҷеаи инсонӣ хонд.

Алдейламӣ низ дар ин дидор зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллати Яман бар зарурати оташ баси комил ва лағви муҳосираи инсонии ин кишвар таъкид кард ва онро гоми муҳиме дар амалисозии ҳаргуна тавофуқи сиёсӣ хонд.

Барчасп