Ноябр 15, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Нуфузи истикбор омили гирифториҳои мардуми минтақа аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон омили гирифториҳои мардуми минтақаро дар нуфузи истикбори ҷаҳонӣ донист ва таъкид кард, мардуми минтақа бояд бо бедорӣ ва ҳушёрӣ дар баробари тавтеаҳо ва нуфузи душманон истиқомат кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт, касоне, ки ба Яман ва Фаластин ҳамла карда ва мардумро бомбаборон мекунанд, ба дунболи нобудии ҷаҳони Ислом ҳастанд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки ин иқдомот тавҳин ба кулли ҷаҳони Ислом буда ва уммати исломиро таҳқир мекунад, афзуд, агар мусалмонон бо якдигар муттаҳид бошанд, душман наметавонад бар онҳо мусаллат шавад. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба талоши режими саҳюнистӣ барои мухолиф ҷилва додани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо яҳуд гуфт, саҳюнистҳо на яҳудӣ ҳастанд ва на насронӣ, балки онҳо зидди Худо, зидди инсоният ва зидди ҳама арзишҳо ҳастанд. Хатиби ҷумъаи Теҳрон афзуд, яҳудиҳо худ бо режими саҳюнистӣ муқобила мекунанд ва муътақиданд, ки режими саҳюнистӣ зидди Худост.

 

Барчасп