Ноябр 15, 2019 18:35 Asia/Dushanbe
  • Намоиши филми тасвирии эронӣ дар 400 синамои Русия

Филми тасвирии эронии «Фил – шоҳ» дар 400 синамои Русия намоиш дода мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, бо поёни мароҳили дубла ва имзои қарордод «Фил – шоҳ» (The Elephant – King) аз 21 ноябр дар 400 синамои Русия ба намоиш хоҳад даромад.

«Фил –  шоҳ»-и коргардон Ҳодии Муҳаммадиён дар соли 2018 муваффақ шуд, пас аз 7 ҳафтаи намоиш рекорди фурӯши таърихи филмҳои тасвирии Эронро бишиканад ва ба пурфурӯштарин филми тасвирии синамои Эрон табдил шавад.  

Достони «Фил – шоҳ» дар ҷангале дар Африқо рақам мехӯрад. Раиси галлафилҳо соҳиби фарзанде мешавад, ки ҳама интизор доранд, ҷонишини раиси галла бошад, аммо бархилофи тасаввури ҳама он ноуҳдаброст ва ҳайкали бузургаш ҳамеша сабаби харобкорӣ мешавад.

 

Барчасп