Ноябр 15, 2019 19:21 Asia/Dushanbe
  • Раъй манфии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қатъномаи зиддиэронӣ

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қатъномаи ҳуқуқи башарӣ алайҳи Эрони раъй манфӣ доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тамоми 5 кишвари Осиёи Марказӣ шомили Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон ба қатъномаи ҳуқуқи башарӣ, алайҳи Эрон раъй манфӣ доданд.

Дар феҳрасти 30 кишваре, ки бо ин қатъномаи зиддиэронӣ мухолифат карданд, номи кишварҳои дигаре монанди Афғонистон, Арманистон, Беларус, Чин, Ҳинд, Ироқ, Покистон, Русия ва Сурия низ дида мешавад.

Ҳамчунин дар маҷмӯъ 66 кишвар ба ин қатънома раъй бетараф доданд.

Рӯзи гузашта Кумитаии сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо такрори иттиҳомоти исбот  нашуда, қатъномае бо орои шикананда ва заъифро алайҳи «вазъияти ҳуқуқи башари Эрон» ба номи қатъномаи ҳуқуқи башарӣ алайҳи Эрон ба тасвиб расонад.

 

Барчасп