Ноябр 16, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ ; истикбори ҷаҳонӣ дар садади пешгирӣ аз рушди рӯзафзуни ислом аст

Дабири Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ, гуфт; истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико дар садади пешгирӣ аз рӯшди рузафзуни ислом ба унвони фарҳанги мутаъолӣ дар минтақа ва таъмини амнияти режими Саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Али Акбар Вилоятӣ мушовири раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ дар умури байналмиллал ва дабири кули маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ дар Теҳрон ,афзуд ; ба расмият шинохтани баландиҳои Ҷавлон ба унвони арозии режими ишғолгари Қудс, таслиҳи артиши режими Саҳюнистӣ шикасти  робитаҳои бархе аз кишварҳои муртаҷаъи арабӣ бо режими Саҳюнистӣ аз ҷумла мавориде аст,ки Амрико бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Исроил ва бархе сарони муртаҷаъи Араб,зиди ҷаҳони ислом тароҳӣ, созмондиҳӣ ва иҷро кардаанд. Мушовири раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар умури байналмиллал бо таъкид бар ин,ки меҳвари Муқовимат низ бо пайгирии сиёсати Муқовимат фаол ва дар муқобили иқдомҳои Амрико ва мутаҳидонаш, гомҳо ва тарҳҳои худро пайгирӣ ва иҷро кардааст, гуфт; дар тавтиаҳои нав, душманон дар садад ҳастанд ба сурати ошкор ва пинҳон бо ҳидояти авомил ва сервисҳои иттилоотӣ коми тоза шириншудаи мардуми минтақаро бо нооромӣ ва ошуб дар Ироқ ва Лубнон талх ва ногувор кунанд. Баррасии охирин таҳавулоти бедории исломӣ дар минтақа ва осебшиносии он ва ироаи роҳкорҳои бурунрафт аз мушкилот ва низ шинохти тарҳҳо ва роҳбурдҳои низоми султа барои тасалути комил бар шараёнҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодии ҷаҳони ислом аз меҳварҳои дастури кори давоздаҳумин нишасти Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ эълом шудааст.