Ноябр 19, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Сафари беш аз 500 ҳазор гардишгари саломат ба Эрон

Раиси Идораи гардишгарии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, соли гузашта ҳудуди 550 ҳазор бемори хориҷӣ аз кишварҳои дигар барои дармон ба Эрон омаданд.

Саиди Ҳошимзода, раиси Идораи гардишгарии саломати Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, ҳудуди 72 ҳазор нафар аз ин беморони хориҷӣ дар бемористонҳои Эрон бистарӣ шуданд ва бақия хадамоти пизишкии сарипоӣ дарёфт карданд. Ҳошимзода тасреҳ кард, 70 дарсади ин гардишгарони саломати хориҷӣ барои дармони бемориҳои чашм, ортопедия ва қалбу раг ба Эрон сафар карданд. Раиси Идораи гардишгарии саломати Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба ҳазинаҳои дармони ҳар бемори хориҷӣ дар Эрон афзуд, ба таври мутавассит ҳар бемори хориҷӣ ҳудуди се ҳазор доллар барои хадамоти пизишкӣ дар Эрон ҳазина мекунад.

Ҳошимзода пешбинӣ кард, ки сафари гардишгарони саломати хориҷӣ ба Эрон имсол бештар аз соли гузашта хоҳад буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои пешрав дар заминаи пизишкӣ ва тавлиди дору аст.