Ноябр 20, 2019 13:19 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Пентагон ба қудрати мушакии Эрон

Вазорати дифои Амрико эълом кард, андоза ва печидагии зарродхонаи мушакии Эрон ба рағми даҳҳо сол талоши ғарбиҳо барои таҳрим ва маҳдуд кардани Эрон дар ҳоли пешрафт аст.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Пентагон муътақид аст, ки дар солҳои ахир ба рағми даҳҳо сол таҳримҳои таҳмилӣ муваффақ ба сохти мушакҳои дақиқ ва муассиршуда ва зарродхонаи мушакиаш дар Ховари Миёна аввалин аст.

Ожонси иттилооти низомии Вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбе бо интишори гузорише бо унвони Қудрати низомии Эрон эълом кард, Эрон дорои барномаи васеи тавсеаи мушакӣ аст ва андоза ва печидагии зарродхонаи мушакии ин кишвар ба рағми даҳҳо сол талоши ғарбиҳо дар ҳоли пешрафт аст.

Кристиан Сандерз коршиноси Эрон дар ожонс бо ироаи ин гузориш ба матбуот гуфт, Эрон дар набуди як нерӯи ҳавоии модерн, мушакҳои болстикро табдил ба як нерӯи ҳамла бо бурди зиёд ба манзури боздоштани душманон аз ҳамла ба ин кишвар кардааст.

Вай афзуд, Теҳрон бо доштани тайфи васие аз мушакҳои бурди хеле кутоҳ, бурди кутоҳ ва бурди мутавассит, ки қодир ба ҳадаф қарордодани ҳадафҳое дар куллии минтақа то масофати ду ҳазор километрӣ ҳастанд бештарин теъдоди мушакро дар Ховари Миёна дорад.

Як мақоми иттилоотии баландпояи амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад  гуфт, теъдоди мушакҳои Эрон аз теъдоди мушакҳои Исроил низ бештар аст.

Хабаргузории Фаронса афзуд Эрон дар солҳои ахир беш аз 40 навъ мушак сохтааст, ки қудратмандтарини онҳо Қадр-F ва Сиҷҷил-2 ном доранд ва ҳар ду мушак қодиранд ҳадафҳоеро дар Исроил, душмани қасам хурдаи Эрон ва низ ҳамаи пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро ҳадаф қарор диҳанд.

 

Барчасп