Ноябр 21, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири нирӯи Эрон вориди Русия шуд

Вазири нирӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи ҳайате субҳи имрӯз (панҷшанбе) вориди Маскав, пойтахти Русия шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ардакониён, вазири нирӯи Эрон ба унвони раиси эронии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Русия қарор аст, имрӯз бо Александр Новак, вазири энержии Русия ва раиси русии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар мулоқот кунад.

Дар тайи дидорҳои пешбинӣ шуда дар ин сафар, мафоди мавриди тавофуқ дар натиҷаи понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ду кишвар дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, бонкӣ, энержӣ, санъатӣ ва фаннӣ тавассути аъзои ҳайати эронӣ бо ҳамтоёни русии худ, мавриди пайгирӣ ва мизони иҷроӣ шудани онҳо мавриди баҳсу табодули назар қарор хоҳад гирифт.

 

 

Барчасп