Ҳимояти муҷаддади Вашингтон аз иғтишош дар Эрон
(last modified 2019-11-21T13:55:30+00:00 )
Ноябр 21, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти муҷаддади Вашингтон аз иғтишош дар Эрон

Дар пайи ҳимоятҳои мудовими мақомҳои амрикоӣ аз нооромӣ дар Эрон, муовини раисиҷумҳури Амрико аз иғтишошоти ахир ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Майк Пенс, муовини Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи “Твиттер”-и худ бидуни ишора ба иқдомоти ахири ошубгарон дар Эрон дар тахриби амволи умумӣ ва ҳамла ба нирӯҳои амниятӣ навишт, «агарчӣ мардуми Эрон барои эътироз ба хиёбонҳо меоянд, аммо истифода аз хушунат ва зиндон кардан ба манзури саркӯби мардум идома дорад.»

Муовини Трамп ҳамчунин бо намииши инсондӯстона ва бо фаромӯшии фишорҳое, ки дар натиҷаи таҳримҳои Амрико ба мардуми Эрон таҳмил шудааст, гуфт: «паёми Амрико равшан аст; Мардуми Амрико дар канори мардуми Эрон истодаанд».

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи қиммати бензин дар Эрон аз бомдоди ҷумъаи гузашта, бархе эътирозоти мусолиматомези мардум бо сӯиистифодаи бархе аз арозил ва авбош ба бероҳа рафт.

Кохи Сафед шомгоҳи якшанбе дар баёнияҳои мудохилаҷӯёна, бо такрори иддаоҳои беасос зидди Эрон, аз иддаи маъдуде ошубгар, ки ба баҳонаи афзоиши қиммати бензин бо эҷоди беназмӣ дар чанд шаҳри Эрон, даст ба тахриби амволи умумӣ заданд, ҳимоят кард.

Аз сӯи дигар, мардуми Эрони исломи дар рӯзҳои ахир бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф, иғтишоши ошубгаронро маҳкум карданд.

Daniel Mcadams, мудиромили Андешкадаи амрикоии "Рон Пол" рӯзи сешанбе эътироф кард, ки нооромиҳо ва ошубҳои ахир дар Эрон сирфан эътирозоти ношӣ аз афзоиши қиммати сӯхт нест, балкӣ ошубҳое аст, ки аз улгуҳои ошнои Ожонси марказии иттилооти Амрико пайравӣ мекунад.

 

Барчасп