Ноябр 22, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми мушакҳои “Круз” тавассути сомонаи мушакии бумии эронии

Сомонаи мушакии бумии эронии «Мирсод» рӯзи ҷумъа дар размоиши муштараки падофанди ҳавоии «Мудофеони осмони вилоят-98» бо ҳамлаи мушакҳои “Круз”-и нерӯи мутахосим ба минтақаи размоиш даргир ва ин аҳдофро мунҳадим кард.

Ба гузориши ИРНА, кашф ва шиносоии паҳподҳои мутахосим дар минтақаи умумии размоиш, даргирӣ ва инҳидоми онҳо тавассути сомонаи бумии “Мирсод”-и мутаҳаррик аз дигар иқдомоти анҷомшудаи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Эрон дар марҳалаи ниҳоии размоиши муштараки падофанди ҳавоии «Мудофеони осмони вилоят-98» дар Симнон буд.

Сомонаи “Мирсод”-и мутаҳаррик аз ҷумлаи сомонаҳои бумии нерӯи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки аз қобилияти таҳарруки сареъ бо ҳадафи шиносоӣ нашудани маҳалли истиқрори сомонаҳои падофандӣ бархурдор аст.

Размоиши муштараки падофанди ҳавоии «Мудофеони осмони вилоят-98» дар минтақаи умумии Симнон, дар шарқи устони Теҳрон аз рӯзи гузашта бо ҳадафи иртиқои омодагии размӣ, ҳамафзоии тавони падофанди ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар шароити наздик ба разми воқеӣ ва дар минтақае ба вусъати 416 ҳазор километри мураббаъ дар минтақаи умумии Симнон оғоз шуд. Дар ин размоиш анвои сомонаҳои бумии мушакӣ ва радарии иртифоъпаст, мутавассит ва баланд ба амалиёти муқобила бо анвои таҳдидоти ҳавоӣ хоҳанд пардохт. Ин размоиш шабеҳсозии минтақаи умумии Халиҷи Форс, бахусус тангаи Ҳурмуз аст.