Тарроҳии роботи бозрасии баданаи киштӣ дар Эрон
Барои нахустин бор роботи бозрасии баданаи киштӣ дар Эрон тарроҳӣ ва сохта шуд.
Ба гузориши ИРНА, Нодири Ранҷбар, муҷрии сохти роботи бозрасии баданаи киштӣ дар Эрон бо баёни ин ки ин робот дар қолаби як коргурӯҳе бо кумаки донишҷӯёни Донишгоҳи саноати Шарифи Теҳрон анҷом шудааст, афзуд, роботи бозрасии баданаи киштии сохти мутахассисони бумӣ бо часпидан ба баднаи анвои киштӣ амалиёти тасвирбардорӣ ва бозрасиро анҷом медиҳад.
Ранҷбар бо баёни ин ки ин робот метавонад то умқи 40-метрии об нуфуз кунад, гуфт, ба хотири қавонини ҷадиди созмонҳои ҷаҳонӣ ниёз аст, ки баданаи киштиҳо мудом ба лиҳози осебҳои зоҳирӣ баррасӣ шавад ва бо сохти ин робот дар Эрон илова бар тасреъ дар амалиёти бозрасии киштиҳо солона аз хурӯҷи миллионҳо доллар арз барои хариди сомонаҳои бозрасии баднаи киштӣ ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, ин робот ҳамчунин қобилияти хидматрасонӣ ба тамоми хутути киштиронӣ, муассисоти радабандӣ ба манзури бозрасиҳои давраии шиноварҳо ва сакуҳои фаросоҳилиро дорад ва ба ҳамин далел аз қобилияти бештаре нисбат ба тавлидоти хориҷӣ бархурдор аст.