Ноябр 22, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи безории мардуми Эрон аз иқдомоти ошӯбгарон

Мардуми Эрон пас аз баргузории намози ҷумъа бо сар додани шиорҳои «Марг бар Амрико!», «Марг бар Исроил!» ва «Марг бар ошӯбгар!» зимни эъломи нафрат ба иғтишошгарон безорияшонро аз иқдомоти хабисонаи ошӯбгарон эълом ва аз амнияту иқтидори ин кишвар ҳимоят карданд.

Иҷрои тарҳи ислоҳи қимати сӯхт дар Эрон аз бомдоди ҷумъаи гузашта эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт. Аммо иддаи ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон ба амволи умумӣ, шахсӣ, ҳатто бонкҳо, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳамлу нақли умумӣ осеб ворид карданд.

Мардуми устони Теҳрон имрӯз, баъд аз иқомаи намози ҷумъа бо ширкат дар роҳпаймоӣ ва таҷаммӯъ дар ҳимоят аз амният ва иқтидори кишвар ҳаракати ошӯбгаронаи иддаи иғтишошгарро маҳкум карданд. Ҳамчунин дар поёни намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон эълом шуд, дар маҳкумияти иғтишошоти ахир мардуми Теҳрон рӯзи душанбеи оянда роҳпаймоӣ баргузор хоҳанд кард. Мардуми шаҳри Машҳади муқаддас низ безории худро аз иқдомоти ахири иғтишошгарон дар кишвар ба ҷаҳониён нишон доданд ва ҳимояти худро аз баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ барои ҳифзи амнияту иқтидори кишвар эълом карданд. Мардуми устони Куҳкилуя ва Буераҳмад ҳам бо ҳузур дар роҳпаймоии дифоъ аз амнияту иқтидори Эрони исломӣ безории худ аз ошӯбгаронро эълом карданд.

Мардуми бархе аз шаҳрҳои устони Хузистон дар маҳкумияти иғтишошгарон ва дифоъ аз амнияту иқтидори кишвар роҳпаймоӣ карданд. Имрӯз намозгузорон дар бархе шаҳристонҳои устони Исфаҳон низ бо муштҳои гиреҳкарда ва бо сар додани шиорҳои “Марг бар Амрико!”, “Марг бар Исроил!”, “Марг бар ошӯбгар!” инзиҷорашонро аз иқдомоти хабисонаи ошӯбгарон эълом ва аз амнияту иқтидори кишвар ҳимоят карданд. Мардуми шаҳрҳои Домғон, Маҳдишаҳр ва Сурха дар устони Симнон низ дар иқдоми худҷӯше дар дифоъ аз арзишҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи иғтишошгарон роҳпаймоӣ карданд. Ҳамчунин мардуми шаҳрҳои мухталифи устонҳои Мозандарон, Озарбойҷони Ғарбӣ ва Шарқӣ, Гелон, устони Марказӣ, Занҷон, Луристон, Гулистон, Систону Балучистон, Қум, Шероз, Ҳурмузгон ва Кирмон низ бо баргузории роҳпаймоӣ шиорҳои зидди бадхоҳон ва иғтишошгарон сар доданд.

 

Барчасп