Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҷиноёти фоҷеабори саҳюнистҳо дар Ғазза нишондиҳандаи аҷз аст
(last modified Fri, 29 Mar 2024 13:05:33 GMT )
Март 29, 2024 18:05 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон
    Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон

Хатиби намози ҷумъа Теҳрон гуфт, ҷиноёти фаҷеъи саҳюнистҳо дар ҳамла ба борикаи Ғазза нишондиҳандаи аҷзу нотавонии ин ҷинояткорон аст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон амалиёти “Тӯфони Алақсо”-ро дар таърихи 76 солаи режими ҷаълии саҳюнистӣ бесобиқа хонду афзуд, ҳамаи талоши беҳудаи саҳюнистҳо ҷуброни шикаст дар амалиёти “Тӯфони Алақсо” аст, дар ҳоле ки ишғолгарон шикасти бузурге хӯрданд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо таъкид бар ин ки ибтикори амал дар ихтиёри муқовимат аст, на саҳюнистҳо, гуфт: Муқовимат рӯзе унвонмеҳвар буд, аммо имрӯз муқовимат як шабакаи пайваста ба ҳам аст; Ҳизбуллоҳи Лубнон аз як сӯ, Ансоруллоҳи Яман аз як сӯи дигар ва Ҳашд-уш-Шаъбии Ироқ ҳам аз сӯи дигар ҳамоҳанг бо ҳам амал мекунанду натиҷаи ин ҳамоҳангӣ нобудии режими саҳюнистӣ аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки муқовимат ҳамакнун пирӯзи майдон будаву оянда ҳам барои муқовимат аст, афзуд, режими саҳюнистӣ тавони шикасти муқовиматро надорад ва дар остонаи нотавонии комил қарор дорад.

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсолро бошукуҳтар аз гузашта хонду ҳузури пуршӯри мардумро қуввати қалби қаҳрамонону шуҷоъони майдону мардону занони муқовиме донист, ки зери бомбаборону мушакборон муқовимат мекунанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳодисаи террористии ахир дар Русияро низ маҳкум карду гуфт, падидаи шуми терроризм дар ҳама ҷои дунё маҳкум аст.