Шикояти Эрон аз шабакаҳои форсизабони душман дар Англия
Сафорати Эрон дар Лондон аз шабакаҳои форсизабони душман дар Англия ба далели таҳрифи муғризонаи таҳаввулоти ахири Эрон ба Созмони танзимкунандаи муқаррароти расонаии Англия шикоят кард.
Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Лондон рӯзи ҷумъа бо интишори паёме дар “Твиттер” навишт, Эрон аз шабакаҳои форсизабони душмане ҳамчун ВВС-и форсӣ, “Эрон интернэйшнл” ва “Ману ту» ба иллати таҳрифи муғризонаи таҳаввулоти ахири Эрон ва даъват ба хушунати густарда алайҳи ниҳодҳои маданӣ дар Эрон шикоят кард ва иҷрои қонун дар хусуси ин шабакаҳоро аз Созмони танзимкунандаи муқаррароти расонаии Англия хостор шудааст.
Иҷрои тарҳи ислоҳи қимати сӯхт дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрону бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт. Аммо бархе бо сӯистифода аз эътирозҳои мардумӣ бо аҳдофи шуми сиёсӣ иқдомоти хушунатомез ва ғайриқонуниро бо осеб расондан ба ҷону моли мардум оддӣ, нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ муртакиб шуданд ва мутолибот ба ҳаққи мардумро ба бероҳа кашонданд.
Гурӯҳҳои душман ва шабакаҳои зидди низоми хориҷ аз Эрон бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият ҳамсӯ ва ҳамоҳанг бо иғтишошгарон иқдом ба тақвияти тарғиби зиддиэронӣ карда ва ба ҳимоят аз ошӯбгарон пардохтанд. Шабакаи телевизионии моҳвораии «Эрон интернэйшнл», ки маркази он дар Лондон аст, собиқаи пахши мустақими нишасти гурӯҳаки террористии мунофиқинро дар корномаи худ дорад ва аз сӯйи Арабистони Саудӣ ҳимояти молӣ мешавад. Шабакаи телевизионии моҳвораии «Ману ту» низ аз тариқи тазриқи пулу амволи ба ғоратрафтаи миллати Эрон тавассути хонадони Паҳлавӣ идора мешавад.