Ноябр 23, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши Созмони CIA дар иғтишошоти Эрон

Коршиносон ва таҳлилгарони сиёсии Русия нақши созмонҳои ҷосусӣ ва давлати Амрико дар иғтишошоти Эронро мавзӯе ошкор донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Владимир Сагин, Валерӣ Макаренков ва Григорӣ Локиянов се коршиноси баландпояи Муассисаи мутолиоти сиёсӣ ва байналмиллалии Русия дар нишасте хабарӣ дар хабаргузории РИАНовостӣ ба таҳлили иғтишошоти Эрон ва нақши Амрико дар бурузи ин ҳодисаҳо пардохтанд.

Дар ин нишаст Владимир Сажин, ки солҳо дар ҳавзаи мутолиоти Эрон фаолият кардааст гуфт, дар иғтишошоти Эрон ради пои Ожонси иттилооти марказии Амрико  CIA пайдост.

Валерӣ Макаренков дигар коршиноси рус низ гуфт, сиёсати собити Эрон дар тазоди комил бо хости Амрико ва Исроил аст аз ин ру онҳо бо ҳамкории бархе режимҳои вобаста дар минтақа созмондиҳии ошубҳоро бар уҳда гирифтаанд.

Григорӣ Локиянов таҳлилгари баландпоя ва устоди донишгоҳ нақши авомили хориҷӣ дар иғтишошти Эронро ошкор унвон кард ва гуфт, Амрико дар раъси кишварҳоест, ки талош кард доманаи ошуб ва ҳаҷми тахриб ба шиддат афзоиш ёбад ва мақомоти Вашингтон бо бешармӣ ба мудохилаи худ дар умури дохилии Эрон эътироф карданд.

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи бензин аз бомдоди ҷумъа 15 ноябр бархе эътирозоти мусолиматомези мардуми Эрон бо сӯистифодаи бархе аз авбош ба бероҳа рафт.

Аз сӯи дигар мардуми Эрони исломӣ дар рӯзҳои ахир бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф иғтишоши ошубгаронро маҳкум карданд.

Барчасп