Дастгирии аносури гуруҳҳои террористии ДИИШ ва Пажок дар ғарби Эрон
(last modified Sun, 24 Nov 2019 05:22:22 GMT )
Ноябр 24, 2019 10:22 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии аносури гуруҳҳои террористии ДИИШ ва Пажок дар ғарби Эрон

Раиси вилояти Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон аз дастгирии аносури гуруҳҳои террористии ДИИШ ва Пажок хабар дод.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳушанги Бозванд раиси вилояти Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон шанбешаб гуфт, дар нооромиҳои ҳафтаи гузашта дар Кирмоншоҳ бархе аъзои гуруҳҳои террористии ДИИШ, Пажок ва дигар гуруҳҳои мухолиф, ки ба ҷон ва амволи мардум ва ҳамчунин марказҳои иқтисодӣ ҳамла карданд дастгир шуданд.

Бозванд бо баёни ин ки бегонагон дар ошубҳои ахир аз иғтишошгарон ҳимоят мекарданд афзуд, мардуми Эрон бо ҳушёрӣ ва басират безории худро аз ошубгарон эълом карданд.

Рӯзи шанбе низ сардор сартиб Рамазон Шариф сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, нерӯҳои ин ниҳоди инқилобӣ тавонистанд лидерҳо ва саршохаҳои аслии иғтишошоти Эронро дар шаҳрҳои Албурз, Шероз, Теҳрон ва Хузистон дастгир кунанд.

Иҷрои тарҳи ислоҳи нархи сӯзишворӣ (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт; аммо иддае ошубгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон ба амволи умумӣ ва шахсӣ ҳатто бонкҳо, марказҳои ёрии таъҷилӣ, ва нақлиёти умумӣ осеб ворид карданд.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон дар рӯзҳои гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ зимни эъломи бароат аз иғтишошгарон аз амният ва иқтидори кишвар ҳимоят карданд.